ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ чанде пеш Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзодаро муттаҳам ба пинҳон кардани қазияи куштори як навҷавони сокини ин шаҳр карда буданд.
Дафтари матбуъоти ВКД ҶТ имрӯз дар баёнияе ин иттиҳомро радд кард ва эълом дошт ки кормандони ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо додситонии шаҳр ин қазияро бозҷӯӣ карда ва муттаҳам ба қатлро шиносоӣ кардаанд.
Ёдоварӣ мешавад ки қатли як навҷавони сокини шаҳри Турсунзода дар авоили моҳи феврал рух дода буд. ВКД Тоҷикистон эълом кардааст ки омилони ин қатлро дар як ҳафта ошкор ва боздошт кардааст. Ин қазия ҳамакнун дар баррасии Додситонии кулли кишвар қарор дорад.