Кумитаи дини Тоҷикистон шароити сафари ҳаҷҷро бознигарӣ мекунад

© SputnikСафар ба ҳаҷ. Акс аз бойгонӣ
Сафар ба ҳаҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоили сафари ҳаҷҷи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷаласаи муовини нахуствазири кишвар баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ин нишаст таъкид кард, ки Кумтаи дин ва дигар ниҳодҳо бояд сафари ҳаҷҷи имсолро бо шароити беҳтар баргузор кунанд.

Вай ҳамчунин дастур дод, ки ниҳодҳо бояд аҳволу авзои довталабони ҳаҷҷро, ба вижа вазъи молӣ ва синну соли онҳоро дақиқтар баррасӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки саҳмияи ҳаҷҷи мусулмонони Тоҷикистон барои имсол ҳануз мушаххас нашудааст.

Вале пештар Шурои муфтиёни Русия пешниҳод карда буд, ки аз ҳаққи Русия 200 то 400 саҳмия барои мусулмонони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0