ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо намудани 2 миллиону 546 ҳазор сомонӣ (наздики 300 ҳазор доллар) ба занон-кормандони хоҷагиҳои манзилию коммуналии пойтахт қарор қабул намуд.
Қайд мегардад, ки кӯмаки яквақта ба муносибати Рӯзи Модарон ва ҷашни Наврӯз расонида мешавад. Иҷрои қарори мазкур бар дӯши муовини раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б. вогузор шудааст.
Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Душанбе аксарияти кормандони хоҷагиҳои манзилию коммуналиро намояндагони ҷинси латиф ташкил медиҳад.