ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Бино ба иттилоъи ин вазорат, ин барнома рӯзҳои 4 ва 5 март дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Боздидкунандагон бо фарҳангу ҳунари Ҷопон, аз он ҷумла фарҳанги мусиқӣ ва рақси суннатии ҷопонӣ, ҳунари гулороӣ ё икебана ва ҳунари коғазу то ё оригамӣ, наҷҷорӣ ва варзишҳои ҷопонӣ ошно шуданд.
Дар чорчӯби ин барнома ҳамчунин маросими чойхӯрӣ низ баргузор шуд ки бештарин ширкаткунандаро ба худ ҷалб кард.
Аз дигар барномаҳое ки таваҷҷуҳи боздидкунандагонро ҷалб кард, аксбардорӣ бо пӯшокҳои суннатии ҷопонӣ буд. Ҳамчунин хоҳишмандон тавонистанд маҳорати худро дар бозиҳои миллии ҷопонӣ бисанҷанд.