ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Маркази миллии тестии вобаста ба Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо сабти номи донишомӯзон довталабонро ангуштнигорӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи яке аз мудирони ин маркази санҷиши омӯзиш, довталабон ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна фиребгарӣ дар имтиҳонҳои вурудӣ ба донишгоҳҳои кишвар ангуштнигорӣ карда хоҳанд шуд.
Абдувосит Юлдошев мегӯяд: "Соли гузашта як — ду довталаб хешовандонашонро ба ҷои худ оварда буданд то имтиҳон бидиҳанд. Вале кормандони марказ ин фиребгаронро ошкор карданд. Акнун бо роҳандозии ангуштнигорӣ ин гуна тақаллубкориҳо имконнопазир хоҳанд шуд".
Боре, ангуштнигорӣ ягона навоварӣ дар кори Маркази санҷиши омӯзиш нест. Ин ниҳод нархи хадамоташро 10 дарсад гаронтар кардааст. Чунончи, акнун довталабон бояд ҳангоми сабти ном дар ин марказ 220 сомонӣ пардохт кунанд. Довталабоне ки яке аз волидонашонро аз додаанд, бояд 110 сомонӣ пардохт кунанд, вале ятимон аз пардохти ин ҳазина озод шудаанд.
Ба гуфтаи муовини мудири ин марказ, нархи хидматрасонии марказ ба далели бештар шудани кормандони марказ ва тавзеҳоташон ба довталабон ва ҳамчунин афзоиши бунгоҳҳои сабти ном тавассути телефонҳои ҳамроҳ ва қабули имтиҳонот гарон шудааст.
Чунончи, ба гуфтаи вай, имсол дар 29 шаҳру ноҳияҳои кишвар 33 бунгоҳи сабти ном роҳандозӣ карда шуда ва қабули донишҷӯён дар 34 донишгоҳ ва 47 омӯзишгоҳ сурат хоҳад гирифт. Донишгоҳи пизишкии Хатлон, ки соли гузашта бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъсис ёфта буд, имсол шомили низоми ягонаи имтиҳоноти вурудӣ шудааст.
Бино ба додаҳои Маркази миллии тестӣ, имсол 100 ҳазор донишомӯз мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро хатм мекунанд. Соли гузашта беш аз 85 ҳазор довталаб дар ин марказ сабти ном шуда буд, вале танҳо 78 ҳазор тан аз онҳо дар имтиҳоноти вурудӣ ширкат карданд ва 50 ҳазору 687 тан аз онҳо донишҷӯ шуданд.