ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон боздид ба амал овард.
Сарвари давлат нахуст аз Фахробод дидан карда, бо лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди "Душанбе — Қӯрғонтеппа" шинос шуд.
Тибқи лоиҳа марҳилаи 1 — уми азнавсозии ин роҳ, ки 33, 2 километрро ташкил медиҳад, бо харҷи 96 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзи Бонки Осиёии Рушд бояд бунёд шавад.
Баъдан президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии фермерии Асадулло дидан карда, ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва коргарони ин хоҷагӣ дарахт шинониданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат", ки соли 2016 дар майдони 160 гектар бунёд шуда буд, сурат гирифта, дар 6 гектар 3000 адад ниҳоли олу шинонида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020" амалӣ шуда, ин тадбир яке аз роҳҳои асосии расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.