ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik.Франсуа Олланд дар мактуби хеш қайд намудааст, ки имрӯз ба барқарор гаштани муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Фаронса 25 сол пур мешавад.
Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвари аврупоӣ, Фаронса ҳамеша барои соҳибистиқлолии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд намудаст.
Президент, дар замини Тоҷикистон пазируфта шудани низомиёни ҳавоии фаронсавиро ба хотири ҳимояи Афғонистон махсус қайд намудааст.
Тибқи ахбори манбаъ, Олланд дар охир умедвор гаштааст, ки муносибати Тоҷикистону Фаронса боз ҳам мустаҳкамтар мешавад.