ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Варзишгари машҳури Русия оид ба муҳорибаҳои омехта, имрӯз ба Душанбе мерасад.
Варзишгар дар ин бора дар саҳифаи худ дар Instagram навиштааст.
"Салом алейкум, Тоҷикистон. Ман ба мусобиқаи Fight Nights Global ба Душанбе парвоз мекунам ",- менависад варзишгар.
Ба гуфтаи Мирзоев ин мусобиқа бори аввал дар Тоҷикистон мегузарад. Аммо ӯ ба сифати иштирокчӣ неву, ба ҳайси мухлис ба Душанбе меравад.
Дар саҳифаи расмии сабқат қайд карда мешавад, ки муҳориба шоми 4-уми март баргузор мешавад. Бозии асосиро шаҳрвандиТоҷикистон- Солеҳ Ҳасанов ва шаҳрванди Русия- Дмитрий Аришев мебаранд. Дар бози шаҳрвандони Эрон, Бразилия ва Қазоқистон низ иштирок мекунанд.
Расул Мирзоев- варзишгари Русия, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо, ки дар муҳорибаҳои омехта низ иштирок мекунад.
Fight Nights Global — ташкилоти калони Русия мебошад, ки муҳорибаҳои омехта ташкил мекунад.