ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ҳукумати Молдова зимни маҷлиси ҳукуматӣ қарор бозхонди сафири кишвар дар Тоҷикистон ва Русия Дмитрий Брагишро қабул карданд.
Хабаргузории Sputnik Молдова менависад, ки дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Молдова, Даниела Морар хабар дода, сабабашро нагуфт. Мувофиқи қонун, қарори мазкур бояд аз ҷониби президенти кишвар Игор Додон имзо мешуд.
Ёдовар мешавем, ки Брагиш вазифаи сафирӣ дар Тоҷикистон ва Русияро аз 27-уми ноябри соли 2015 бар дӯш дошт. Аз соли 1999 то 2001 ӯ муовини сарвазири Молдова буд.
Чуноне хабаргузории "Коммерсант" бо такя ба манбаи худ менависад, қарори ҳукумат оиди бозхонди сафир ҳам барои Русия ва ҳам барои худи ӯ ногаҳонӣ буд.
Ҳамин тавр коршиносони рӯзнома мегӯянд, ки бозхонди Брагиш натиҷаи муқобилияти ӯ нисбати президент мебошад.