Дар Санкт-Петербург то рафт муҳоҷирони тоҷик кам мешаванд

Обуна шудан
Агар дар соли 2016 шумораи хориҷиён дар шаҳр 18756 нафарро ташкил кунад, шумораи аз шаҳр беруншудагон аз 17041 нафар ибоарт гаштааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.Ба шаҳри Санкт-Петербург муҳоҷирони Осиёи Миёна бар мегарданд. Онҳо дар даврони бӯҳрон шаҳрро тарк карда буданд.

Ҳамин тавр, агар дар соли 2016 шумораи хориҷиён дар шаҳр 18756 нафарро ташкил кунад, шумораи аз шаҳр беруншудагон  аз 17041 нафар ибоарт гаштааст.

Ҳамин тавр, назар ба соли 2015 шумораи муҳоҷирон дар шаҳр меафзояд ва ҳоло то 1751 нафар зиёдтар гаштааст.

Дар ҳуҷҷати пешниҳоднамудаи Петростат қайд карда мешавад, ки дар соли 2016 51 505 нафар ба ватан бар гашта, аз ин 26 328 нафарашон ба ҷойи кор баргаштанд. Ҳамин тавр, шумораи муҳоҷирон то 25 177 нафар камтар шудааст.

Путин ва Раҳмон: аз муҳоҷират то амтом - Sputnik Тоҷикистон
Путин ва Раҳмон: аз муҳоҷират то атом

Қайд карда мешавад, ки шумораи муҳоҷирон аз Украина, Молдова,  Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Арманистон зиёд шудааст.

Аммо шумораи муҳоҷирон аз Белорус,Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон то рафт камтар мешавад.

Соли 2015 аз Тоҷикистон ба Санкт-Петербург 2200 нафар муҳоҷир ворид шуда, шумораи шаҳрро таркардагон 8 461 нафарро ташкил намуд. Соли 2016 шумораи ба шаҳр воридшудаҳо 1359 нафар ва беруншудаҳо 1427 нафарро ташкил намудааст.

Бояд қайд, кард, ки ин шумораҳо расмӣ буда, танҳо муҳоҷирони худро ба қайд гирифта нишон дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рафти сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон  тарафҳо дар бораи амнистияи муҳоҷирони тоҷик шартнома бастанд.

Лентаи хабарҳо
0