Осиёи Марказиро геопалитикаи нав интизор аст

© © Foto: Институт международной экономики и политики Казахстана Аскар Нурша, акс аз бойгонӣ
Аскар Нурша, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бораи мақсади сафари Владимир Путинро ба Осиёи Марказӣ кординатори лоиҳаҳо оид ба сиёсати берунии Институти иқтисодиёт ва сиёсати байналмиллалии назди Фонди аввалин президенти ҶҚ Аскар Нурша бо Sputnik сӯҳбат намуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.Ба гуфтаи сиёсатшинос, беҳуда Владимир Путин барои сафар се кишвари Осиёи Миёнаро интихоб накардааст.

"Ҳар се кишвар- Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ба аҳдномаи СААД дохил мешаванд, ғайр аз ин ду кишвар ба Иттиҳоди гумрук шомил аст",- ишора намуд сиёсатшинос.

Ба гуфтаи Нурша, Русия  Тоҷикистонро ҳамчун номзади арзанда ба ЕврАзЭС медонад.

Ба ғайр аз ин, ба рӯйхати кишварҳо Ӯзбакистон ва Туркманистон ин дафъа дохил нашуданд.  Нурша қайд намуд, ки пештар президенти Русия дар доираи сафари худ ба Осиёи Миёна танҳо ба як кишвар ё ду ташриф меоварду халос.

Танҳо бо як далели ин ҳодиса гуфтан мумкин аст, ки сафараи охирони Путин ба ин кишварҳо барои муносибати минтақаъ бо Русия аҳамияти муҳим дорад.

Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Аз энергияи атомӣ то шуғли аҳолӣ: имзои 6 санад миёни Тоҷикистону Русия

Вай боварӣ дорад, ки имрӯзҳо аз сабаби зиёд шудани таҳдид ва хатарҳо Мскав бояд дар минтақаъ мавқеи худро таҳким бахшад.

Дар саҳнаи байналмиллалӣ бо дигар марказҳои геополитикӣ рақобат бештар мешавад.

"Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бо баробари бо Русия муносибатҳои зич доштан,  дар сиёсати хориҷии худ бо рақибони сиёсии Русия низ муносибат доранд",- гуфт сиёсатшинос ба Sputnik.

Ғайр аз ин, сиёсатшинос вазъи муносибати имрӯзаи Ӯзбакистонро бо ҳамсоякишварҳо махсус қайд намуд. Бо дигар шудани раисҷумҳури кишвар Ӯзбакистон муносибатро бо ҳамсоякишварҳо то дараҷае мулоимтар намудааст, ки ин амал дар даврони ҳукмронии Ислом Каримов асло дида намешуд.

Ба гуфтаи Нурша, ин навгони дар сиёсати дохилӣ ва буруни Ӯзбакистон ба минтақаъ дигаргунии зиёд овардаст.

"Ин боиси ба миён омадани геополитикаи нав дар Осиёи Миёна мешавад, ки нақша лоиҳаҳои Русияро то дараҷае  хиратар мекунад.  Ба сифати ҷавоб ба онҳо, сафари Путин давраи нави фаъолшавии Русия дар минтақаъ мегардад",- қайд мекунад Нурша.

Сафара Путин, боварӣ дорад Нурша, занги муҳиме ба ҳамкорон ва рақибони Русия дар бораи он аст, ки Русия дар оянда низ дар минтақаъ боқӣ хоҳад монд.

Лентаи хабарҳо
0