Се тарроҳи тоҷик ҷоизадори озмуни Face of Central Asia-2017 гардиданд.
Тоҷикистонро дар озмуни байналмиллалӣ, 11 тарроҳ муаррифӣ карданд, вале мақоми сеюм танҳо насиби Сафина Ғоибова гардид.
Ду тарроҳи дигар Зарнигор Ҳусейнова ва Сулаймон Сафаров соҳиби сертификат гардида, ҳуқуқи иштирок дар бахши навбатии озмунро пайдо карданд.
Дар озмун 40 намояндаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон иштирок намуданд.
Финали озмуни Face of Central Asia-2017 дар шаҳри Сэул баргузор мешавад.
Face of Central Asia-даври нимфиналии озмуни байналмиллалии Asia Model Festival мебошад, ки 10 сол боз, ҳамасола дар Кореяи Ҷанубӣ гузаронида мешавад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай соли сеюм дар ин озмун иштирок доранд.
Соли 2016 ғолибони озмуни Face of Central Asia аз Тоҷикистон Фотима Маҳмадалиева ва Азизҷон Мирзоев гардиданд.