Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода духтари ғарқшударо наҷот дод

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкДар назди дарёи Сир, акс аз бойгонӣ
Дар назди дарёи Сир, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони кумита духтари ғарқшудаистодаро зуд пай бурда, вайро аз дохили оби сард берун оварданд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи назди ҳукумати ҶТ дар Хуҷанд духтари ҷавонеро наҷот доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти КҲФ.

"Духтар мехост худкушӣ кунад.  Вай худро ба об мепартояд. Кормандон ин ҳодисаро дарҳол пай бурда,  вайро аз дохили об берун оварданд",- омадааст дар мавод.

Ин ҳодиса саҳарии 27-уми феврал ба амал омадааст.  Истиқоматкунандаи шаҳраки Бӯстон худро аз болои кӯпрук ба об партофтааст. Сабаби ин амали духтар ҳоло маълум нест.

Мувофиқи маълумоти манбаъ, ба зан кӯмаки аввалиндараҷа расонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0