Суроғаи Душанбе аниқ мешавад: қарори Р. Эмомалӣ дар бораи рақамгузории кӯчаҳо

Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе дар доираи тайёриҳо барои рӯйхатгигирии аҳолӣ ва фонди манзил дастур додааст, ки дар пойтахт барӯйхатгирии санҷишӣ амалӣ карда шавад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе то соли 2019 бояд нақшаҳои схематикии шаҳр тартиб дода шавад.

Дар шаҳри Душанбе суроғаи кӯчаҳо ва хонаҳо аниқ карда мешаванд.

"То 1 июли соли 2019 нақшаҳои схематикии ноҳияҳои шаҳрро якҷо бо Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе тартиб дода, бо муайян намудани сарҳади ноҳияҳои шаҳр ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд",-омадааст дар қарор.

Бино ба  иттилои шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф кардааст, барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 дар маҳаллаҳои 64 ва 91 гузаронда шавад.

Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳр аз либоси сайру гаштии душанбегиҳо нигарон аст

"Коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барўйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Сарраёсати Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, гузошта шавад".

Раиси шаҳри Душанбе ба раисон ва милисаҳо супориш додааст, то 1 сентябри соли 2019 дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳр зиндагӣ мекунанд, тафтиш намоянд.

Лентаи хабарҳо
0