Президенти Федеартсия Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Қирғизистон рафт. Дар фурудгоҳи Манас Путинро сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков истиқбол гирифт.
Интизор меравад, ки дар доираи вохӯрии сарони кишварҳо-Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев масъалаи рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Русия ва Қирғизистон аз ҷумла дар доираи Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиёро муҳокима хоҳанд кард.