Пешниҳоди номзадии Рустами Эмомалӣ ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ

Обуна шудан
Ҳизби халқӣ-демократӣ номзадии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, номзадии писари президенти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дирӯз зимни ҷаласа ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод шудааст.

"Ба ин курсӣ ҳамчунин ду нафари дигар Фазлиддин Икромов аз Ҳизби Аграрӣ ва Ҳикматулло Саидиён аз Ҳизби демократӣ довталаб ҳастанд".

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 пешбарӣ шудааст.

Қаблан вазифаи вакили маҷлиси шаҳриро собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бар дӯш дошт.

Интихобот санаи 2-юми апрел баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе миёни ҳизбҳои ҳокими Тоҷикистон ва Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

© Sputnik / Victoria LyubavinaТарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ

 

Лентаи хабарҳо
0