ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Чанде қабл дар Маскав ҳодисаи пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирон боз такрор шуд.
Ин дафъа муҳоҷироне, ки дар сохтмони метрои Солнтсевский, ки аксари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ба доми корфармои ноинсоф афтоданд.
Президенти Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, чӣ бояд кард, то ба доми корфармоёни ноинсоф наафтӣ.
"Ба назари ман мушкил он аст, ки мардум худ то охир корашонро кашола медиҳанд, то 3-4 моҳ интизор мешаванду баъд ба доми фиреб меафтанд. Корфармои беадолат бошад, аз боварии муҳоҷирон истифода карда, ҳар рӯз бо ваъдаҳои хом муҳоҷиронро "пагоҳ-пагоҳ"-гӯён фиреб медиҳад. Вале ақли солим бояд ба муҳоҷирон нишонрас кунад, ки агар "фардо" шуд, бояд ягон қарор қабул кард".
Ба қавли Коженов ҳадди охири пардохт нашудани музди меҳнат то ду ҳафта аст. Агар корчалон минбаъд музди меҳнатро ба таъхир гузорад, пас бояд барои қарз кор накарда, даррав ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ВКД муроҷиат кард.
"Санаи 17-уми феврал мо ҳамроҳи наздики 200 нафар дар Прокуратураи генералӣ изҳороти дастаҷамъӣ навиштем. Ба мо дар он ҷо гуфтанд, ки изҳоротро аллакай ба сатҳи минтақавӣ-дар Маскав фиристодаанд.
Вале барои ин кори зиёде анҷом дода шуд-бо ҳамаи мақомотҳои ҳукуматӣ мувофиқат карда шуд",-нақл кард Вадим Коженов.
Ба гуфти коршинос коргар бояд дар сурати поймол шудани ҳуқуқаш аз корфармо шартномаи кори худро тақозо намояд, чун ин ҳуҷҷат дар додгоҳ аргументи ивазнашаванда аст.