Путин: Тоҷикистон-кишвари калидӣ барои таъмини амният дар ОМ аст

© Flickr \ Сайт президента РТПрезидент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни вохӯрӣ президенти ФР Владимир Путин муҳиммияти Тоҷикистонро дар таҳкими амният махсусан қайд кард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Президенти Русия ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ҳозир дар Қасри миллат мулоқоти хосса анҷом медиҳанд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости Владимир Путин нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ кард.

"Барои мо мавқеи Тоҷикистон оид ба мушкилоти минтақавӣ бисёр муҳим аст. Дар ин самт ман Тоҷикистонро кишвари калидӣ оид ба таҳкими амният дар минтақа мешуморам",-гуфт Владимир Путин.

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден тақдим кард

Владимир Путин пойгоҳи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон ёдоварӣ карда, қайд намуд, ки он натанҳо амният дар Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки барои минтақаҳои ҷанубии Русия низ муҳим аст.

Владимир Путинро дар ин сафар генерал Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, Сергей Донской, вазири захираҳои табиӣ ва экология, Максим Топлин, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Алексей Лихачёв, роҳбари "Росатом", Александр Фомин, муовини вазири мудофиа ва дигар мақомоти расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0