ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бино ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе ҳарорати ҳаво то 19-дараҷа гарм хоҳад шуд.
Рӯзи офтобӣ дар назар аст.
Дар давоми ҳафта ҳарорати ҳаво каме сард шуда, ба 10-16 дараҷа баробар мешавад.
Дар ин рӯзҳо, ҳамчунин борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар шаҳри Қурғонтеппа низ ҳавои гарм дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ин минтақа, то 16-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилотяи Суғд ҳарорати ҳаво 9-14 дараҷа гармхоҳад шуд.
Дар дигар минтақаҳои кишвар баҳор дертар фаро мерасад. Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво аз 1 дараҷа боло хоҳад шуд.