"Путин мо ба пешвози шумо омодаем": омодагии Душанбе ба сафари Путин

© Sputnik Таъмири роҳҳо дар Душанбе
Таъмири роҳҳо дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зӯҳри имрӯз ба Душанбе хоҳад расид. Ба омадани В.Путин натанҳо мақомоти баландпоя балки донишҷӯён низ омодагӣ дидаанд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ҳамин тавр барои пешвози Владимир Путин дар шаҳри Душанбе аллакай омодагӣ мебинанд. ВКД-и ҶТ аз баста шудани роҳҳо хабар дода, донишҷӯёни донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон низ аз омодагии худ ба пешвози президенти ФР дар шабакаи фейсбук хабар карданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон
Донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон

Дар баробари ин тибқи иттилои ВКД аз соати 12:30 то 13 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи хиёбони Рӯдакӣ, Айнӣ, Аҳмади Дониш муваққатан маҳдуд мешавад.

Аз ҷумла барои омадани Путин аз фурудгоҳ то Қасри Миллат дар назар аст, ки ҳаракат аз буриши кӯчаи А.Дониш ва Айнӣ то буриши хиёбони Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ баста шавад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки шоми имрӯз, аз 18:30 то 21:00 дар назар аст, роҳҳое, ки ба Наврӯзгоҳ мебаранд, баста шаванд: "Аз ҷумла ҳаракат тариқи кӯчаи Ҳофиз Шерозӣ маҳдуд мешавад".

© Фото : Аз ВКД ҶТНақшаи баста шудани роҳҳо дар Душанбе
Нақшаи баста шудани роҳҳо дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи баста шудани роҳҳо дар Душанбе
Лентаи хабарҳо
0