ДУШАНБЕ,22фев-Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 24-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дидан намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки президент ҳангоми боздид, бино нави марказро ифтитоҳ намуд. Дар марказ инчунин коргоҳи дӯзандагӣ, толори маҷлису чорабиниҳои фарҳангӣ, бинои наву муосири таълимӣ ва таълимгоҳи радиотехникии идоракунии сарҳадӣ сохта шудаст.
Бояд зикр кард, ки маркази таълимии «Пойтахт» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар маркази таълимӣ сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус — минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо ва тирандозон аз рӯйи 18 ихтисос таълим ва таҷриба меомӯзанд.
Бинои таълимии навбунёд аз бист толори бозомӯзию такмили маҳорати низомӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосиру электронии ҳарбӣ-таълимӣ таъмин шудааст, қайд мекунад, дафтари матбуоти президенти ҶТ.
Гуфта мешавад, бартарияти таълимгоҳи навбунёд дар он аст, ки машқҳои таълимии низомӣ ва таҷрибаҳои бозомӯзӣ бо истифода аз техникаю муҳимоти ҷангии электронӣ гузаронида мешавад.
"Ин амал боиси кам гардидани хароҷот ва масрафи зиёдатии яроқу дигар лавозимоти низомиро дар вақти гузаронидани машқҳо мегардад",- шарҳ медиҳад хадамот.
Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти Маркази таълимии «Пойтахт» дар толори навбунёди «Кохи Шараф» бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакат вохӯрӣ намуда, аз онҳо даъват намуд, ки ба Ватан софдилона хизмат кунанд.