ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, духтури яке аз таваллудхонаҳои пойтахт бо гумони гирифтани пора дастгир гардид.
Ҳамин тавр, гумонбаршуда, рӯзи 16-уми феврали соли равон аз бемор, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе барои ҷарроҳӣ намудан, 5 ҳазору 600 сомонӣ маблағро ҳамчун пора талаб кардааст.
Табиб дар вақти гирифтани маблағи мазкур дар назди бинои баландошёнаи "Душанбе-Плаза", аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД ҶТ.