Дар Саратов шаҳрванди Тоҷикистон боиси садама гашт ва худ низ ҳалок шуд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкЁрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ
Ёрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуди қишлоқи Тарумовкаи ноҳияи Петрови вилояти Саратов автомашинаи “Киа Рио” бехатарии роҳро нигоҳ дошта натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи “Ниссан Алмера” бар хурд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.Дар вилояти Саратов як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд- ду автомашина ба ҳам бархӯрданд.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, яке аз ду ронандаи ду автомашина — тоҷик будааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш шаш нафар ба ҳалокат расид.

Тақрибан,  соатҳои 07:00(бо вақти Душанбе) дар қишлоқи Тарумовкаи ноҳияи Петрови вилояти Саратов автомашинаи "Киа Рио"  ба самти муқобили роҳ баромада,  бо "Ниссан Алмера" бар мехӯрад.

Дар татиҷаи садамаи нақлиётӣ шаш нафар ба ҳалокат расиданд: ду ронанда ва чор мусофири автомабили "Киа".

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, ронандаи "Киа Рио"- сокини Тоҷикистон мебошад, хабар медиҳад РИА Новости.

Аммо як қатор расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки дар қатори ҳалокшудагон шаҳрванди Ӯзбекиастон низ ҳаст.

"Ҳоло шахсияти дигар қурбониён муайян карда нашудааст",- омадааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0