Президенти тоҷикон ҳамлаи террористӣ дар Покистонро маҳкум кард

© REUTERS \ Mohsin RazaҲамлаи террористӣ дар Лоҳури Покистон. Акс аз бойгонӣ
Ҳамлаи террористӣ дар Лоҳури Покистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаи фоҷиабори террористиро дар Покистон, ки боиси марги 74 нафар ва захмӣ шудани садҳо кас гардид, маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.  Хадамоти матбуоти президенти ҶТ хабар медиҳад, ки  Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуда, зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи терроризм қотеъона таъкид кард.

Хабари фоҷиабори таркиши маргталабонаи террористӣ дар ибодатгоҳи шаҳри Сеҳвани музофоти Синд, ки муҷиби шаҳодати даҳҳо зоирону мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони кишвар гардидааст, моро ниҳоят андӯҳгин намуд.

Одамон дар маҳалли инфиҷор дар Лоҳури Покистон - Sputnik Тоҷикистон
Бар асари инфиҷор дар Покистон 69 нафар қурбон шуданд

"Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, маҳкум намуда, зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд",-омадааст дар иттилоия.

Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Покистон, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд.

Дар охир раисҷумҳури Тоҷикистон ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзу намуд.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Сеҳвани музофоти Синди Покистон, ҳамлаи террористӣ ба амал омада боиси марги 74 нафар ва захмӣ шудани садҳо каси дигар шуд.

Лентаи хабарҳо
0