Коршинос: барои рушди иқтисоди Тоҷикистон маблағ лозим аст

© РИА НовостиАза Мигранян, Акс аз бойгонӣ
Аза Мигранян, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари шӯъбаи иқтисодии Донишкадаи ИДМ Аза Мигранян бар он аст, ки Тоҷикистон чун кишвари дорои қувваи кории зиёд, барои рушди иқтисод ба ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва бозори меҳнат ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мувофиқи гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ ҳамасола 40 000 нафар сафи аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистонро пур мекунанд.

Барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ бояд корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта шуда, низоми соҳаи маориф пурра азсар гирифта шавад, ки барои ин албатта маблағ  намерасад, мегӯяд роҳбари шӯъбаи иқтисодии Донишкадаи кишварҳои ИДМ Аза Мигранян.

Ростислав Ишенко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ишенко: Тоҷикистон ва Узбакистон дер ё зуд ба ЕАЭС ворид мешаванд

Бино ба гуфтаи ӯ барои ин бояд шароити мусод, коммуникатсия,таъмини иншооти инфрасохторӣ,  ва шароите, ки ба рушди истеҳсол маҳсулоти саноатӣ кӯмак мекунад, фароҳам шавад.

"Ҳамаи ин дар якҷоягӣ ислоҳотро талаб мекунад, ислоҳот-чизи гарон аст ва натиҷаи он зуд ба даст намеояд".

Мушкилоти дигаре, ки Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ қайд мекунад, ин омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Махсусан нафароне, ки омодаанд барои рушди иқтисодиёти миллии худ саҳм гузоранд, на ин ки муҳоҷират дар кишварҳои хориҷро ихтиёр кунанд.

Ёдовар мешавем, ки охирҳои соли 2016 дар Тоҷикистон расман 55,3 ҳазор бекорон ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои оҷонсии омори назди президенти ҶТ ин нишондод  дар қиёс бо соли гузашта 1 фисад зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0