Чойханаи «Роҳат» беҳтарин чойхонаи ҷаҳон дониста шуд

CC BY-SA 3.0 / © Masrur Odinaev / Чайхана Рохат, архивное фото
Чайхана Рохат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чойхонаи “Роҳат” мувофиқи маълумоти сомонаи амрикоӣ аз соли 1956 инҷониб беҳтарин чойхона ба ҳисоб меравад. Мутаассифона имрӯзҳо “Роҳат” зери хатари вайроншавӣ мондааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Сомонаи амрикоии CNN Travel  чойхонаи "Роҳат"-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номид.

Баробари ин, ба рӯйхати беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон   "Tea House 278" дар иёлоти амрикоии Мэн, "Rangoon" дар Маями, "Leaf Tea Bar"  дар Ню Йорк, "Sengan-en" дар Ҷопон, "Plain of Six Glaciers" дар Канада, "The Random Tea Room" дар Филаделфи, "Proper Tea" дар Британияи Кабир, "The Anne Hathaway Cottage Tea Room" вдар иёлоти Вирҷиния, "Rx Tea Time" дар иёлоти  Вайоминг и "Pin Von" дар Чит дохил шуданд.

"Дар чойхонаи "Роҳат" мардум асосан барои муошират ва сари як пиёла чой ба ҳам меоянд. Сокинони маҳаллӣ бештар чойро бо шир менӯшанд. Ҳамчунин онҳо оши палав ва сихкабоборо дӯст медоранд",- менависад рӯзноманигор Адриана Ҷордон.

Ҳунармандони театри Маяковский алайҳи тахриби бино ҳастанд. - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунармандони театри Маяковский аз тахриби бино нигаронанд

Чойхонаи "Роҳат" соли 1956 сохта шудааст. Меъмори бино Константин Николаевич Терлетский,  муҳандис Даниил Давидович Гедлинва устои халқии тоҷик Мирзораҳмат Алимов мебошанд.

Чойхонаи мазкур, на танҳо дар Тоҷикистон, балки  дар тамоми ҷаҳон машҳур аст, аммо  имрӯз зери хатари тахриб мондааст. Мувофиқи Нақшаи генералӣ шояд Қасри президент, Парлумони ҷумҳурӣ, ки ба биноҳои меъмории таърихи ворид мешавад,  бардошта шаванд.

Имрӯз, ба норозигии ҷомеа нигоҳ накарда, аллакай бинои театри академикии Маяковский, ки ҳанӯз соли 1922 сохта шуда буд, вайрон карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0