ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки заминларза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ба амал омад.
Маркази заминларза дар масофаи 352 км ҷанубу шарқӣ аз шаҳри Душанбе дар ВМКБ, ҷойгир шуда, қувваи он дар ҳудуди ВМКБ, 3 балл ва дар ҳудуди шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод.
Дар натиҷаи заминларза талафоти ҷонӣ ва ҳисорот ба қайд гирифта нашудааст.