Чунон ки баргузоркунандагони барнома ба хабарнигори Спутник гуфтанд, ин овозхонро ҳаводорони ҳунараш фаро хондаанд. Ӯ даъватро пазируфту барномаи "Салом, бародари мусофирам!"-ро дар яке аз фарҳангсароҳои шаҳри Маскав пешкаши онҳо кард ки бисёр хуш пазируфта шуд.
Хабарнигори мо пас иҷрои ин барнома бо Зиёвиддин Нурзод мусоҳиба кард, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагони Sputnik Тоҷикистон мекунем.
Оё Нурзод тахаллусатон аст?
— Не, Нурзод тахаллуси ман нест, шакли дигари насабам — Нуров аст, ки дар давоми фаъолияти эҷодӣ Нурзод шудааст.
То ҷое ки медонам, Шумо рӯзноманигорӣ ҳам мекунед. Шумо худро бештар коршиноси кадом пеша мешуморед — саҳна ё қалам?
— Аслан ман дастпарвари Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ҳастам ва тахассуси ман омӯзгорист. Муҳаббат ба қалам маро ба рӯзноманигорӣ овард ва ба рӯзномаву маҷаллаҳо пайваст. Фикр мекунам, ки фарзанди ҳар ду ҳастам — ҳам саҳна ва ҳам қалам.
Нахустин ҳунарнамоиятон кай буд?
— Соли 2004 дар остонаи панҷсолагии Шабакаи мустақими "Садои Душанбе" ман бо нахустин таронаам — "Ёр, ёр" рӯи саҳна омадам. Ростӣ, интизор набудам, ки ин аввалин сурудам ба қалби ҳаводорони ҳунар роҳ меёбад. Ҳамин муҳаббати онҳо боис гардид, ки ман боз таронаҳои дигар эҷод кунам ва рӯи саҳан монам, зеро ҳаводорон баъд аз он ба ман занг мезаданд ва нома менавиштанд.
Бароятон ҳунарнамоӣ кардан дар саҳна мушкилтар аст ё рӯзноманигорӣ кардан?
— Кору фаъолият дар ҳар заминае мушкилоте дорад, вале агар инсон пешаи худро дӯст дорад, бегумон муваффақ мешавад ва ман фикр мекунам, ки дар ҳар ду ҷода каму беш муваффақ ҳам шудаам.
Ба фикри Шумо, Зиёвуддин бештар дар саҳна мемонад ё дар рӯзноманигорӣ?
- Ҳамчун рӯзноманигор бароям мояи ифтихор аст, ки дар Радиои Тоҷикистон дар Идораи барномаҳои ҷавонону гардишгариву варзиш кор мекунам ва барномае бо номи "Шарораи хотираҳо" омода мекунам. Ният дорам, ки китоби шогирдонаи худро, ки иборат аз шеъру қиссаву таронаҳост, пешкаши ҳаводоронам кунам.
Суруд ва оҳангро чӣ гуна интихоб мекунед?
— Суруд ва оҳангро тасодуфӣ интихоб мекунам, дар лаҳзаҳои гуногун- дар кор, дар доираи оила, дар истироҳатгоҳ, дар ҳар лаҳза ва агар матне ба ман писанд омад, албатта интихоб мекунам ва қариб ки матни ҳама сурудҳоямро худам меофарам.
Ба фикри Шумо вазифаи овозхон аз чӣ иборат аст?
— Вазифаи овозхон дар баробари дигар вазифаҳо он аст, ки мардумро тарбият кунад, ифтихори ватандориро дар дили ҷавонон ҷо кунад ва меҳри падуру модарро дар қалби фарзандрон афзояд ва ҳатман таронаҳое сарояд, ки саршор аз маъниву мазмун бошанд.
Оё овозхониро дар ҳунаристон ё донишгоҳ омӯхтаед? Устоди Шумо кист?
— Ман устод надорам ва бо худомӯзӣ то ба ин ҷо расидаам.
Шумо аз оҳанги мардумӣ ҳам баҳра мегиред?
— Бале, ҳар як овозхон метавонад дар тули фаъолияташ ба таронаҳои мардумӣ рӯ овард ва онҳоро зинда кунад. Яке аз сурудҳои пуртарафдори ман "Пазмони туям" аст, ки пештар онро Қасим Карим иҷро кардаанд.
Чигуна шеъру оҳангро интихоб мекунед?
— Ростӣ, дар интихоби шеър хело ҷиддӣ ҳастам ва дар интихоби оҳанг камтар, яъне ман маъниву муҳтавои шеърро ҳатман ба назар мегирам.
Кадом ангезаҳо ба Шумо илҳом мебахшанд?
— Аслан мегӯянд, ки инсон аз табиат илҳом мегирад, аммо ман ҳангоме, ки афсурда ва ё маъюс мешавам шеър эъҷод мекунам, ки ин бароям хело аҷиб аст.
Ба фикри Шумо барои муваффақ шудани ҳунарманд бештар истеъдод лозим аст ё заҳмат кашидану ҳунар афзудан?
— Ё ҳар ду. Ҳам истеъдод лозим аст ҳам заҳмат, аммо бидуни истеъдод ҳеҷ гоҳ наметавон муваффақ шуд.
Вазъи имрӯзаи ҳунари тоҷикиро чӣ гуна мебинед?
— Шахсан барои ман вазъи имроӯзаи ҳунари тоҷик қаноатмандкунанда аст.
Таасусротатон аз ин сафар чигуна аст?
— Ин сафарам ба Русия бисёр хотирмон буд, зеро бо ёру дӯстон дидор кардем, аммо баробари ин ҳамеша бо ёди Ватан будем ва рӯз мешумурдем ки кай ба Ватан бар мегардем.
Муҳоҷиронро чӣ гуна дарёфтед?
— Муҳоҷират падидаи нав нест, аз давраи қадим буда ва дар тамоми дунё мардум ҳиҷрат мекарданд. Аслан муҳоҷират боиси васеъ шудани ҷаҳонбинӣ, дӯст шудани мардумон ҳам мешавад. Бале, маълум аст, ки муҳоҷирон мушкилӣ доранд, лекин бархе аз онҳо муваффақ ҳам шудаанд, ин як амри маъмулӣ аст ва фикр мекунам дар оянда вазъашон беҳтар хоҳад шуд.
Чи нақшаҳое барои оянда доред?
— Нақшаҳо зиёд ҳастанд, чуноне ки гуфта будам мехоҳам нахустин китобамро ба табъ расонам. Андешаи мунташир кардани шеърҳои шогирдонаам он замон ба фикрам омад, ки дафтари шогирдонаамро варақ мезадам ва ногаҳон чашмам ба навиштаҳои шодравон падарм дар аввалин варқаи он афтод: "Зиёвуддин, илтимос ҳатман шеърҳоятро чоп кун" ва аз хондани ин навиштаҳо барангехта шудам ва қарор додам, ки шеърҳоямро чоп хоҳам кард.
Нақшаи дигарам ин аст, ки имсол, ки дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон шудааст, як барномаи консертӣ барои ҳаводорони хеш баргузор кунам.