ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости омӯзиши "Душанбе-Антитеррор-2017" дар шаш кишвари ИДМ гузаронида мешавад.
Роҳбари маркази зидди терористии ИДМ генерал-полковник Андрей Новиков мегӯяд, ки "Аз ҳамаи чорабиниҳое, ки баргузории онҳо имсол дар нақша аст, мехоҳам омӯзиши "Душанбе-Антитеррор-2017"-ро махсусан қайд намоям".
Ӯ хабар дод, ки тамринҳои омӯзишӣ дар Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ҳамин тавр Новиков гуфт, ки дар тамринҳо мақомоти қудратӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаш кишвар ҷалб карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки қисмати хотимавии омӯзиш ва тамрини муштарак дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар кори роҳбарони марказҳои зидди террористии кишварҳои ИДМ намояндагони мақоқотҳои зидди тероористии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Турккманистон ва Узбакистон иштирок менамоянд.