ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.Дар мулоқот раёсат ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни пойтахт, доираи соҳибкорону тоҷирон, аҳли илму маърифат, зиёиён, иттиҳодияҳои эҷодию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Чуноне ки пештар хабар дода шуд, сараввал президент дар назди ҳозирон суханронӣ намуда, аз вазъи кунинии шаҳри Душанбе суханронӣ намуд.
Дар охири Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамагон даъват намуд, ки барои ободтар гардонидани Душанбе якҷоя саъю кӯшиш ба анҷом диҳанд.
Тибқи ахбори дафтари матбуоти президент пас аз суханронии президент раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сухан баромада, ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ намуд.
Рустами Эмомалӣ дастгириву таваҷҷуҳи президенти кишварро махсус қайд намуда, қайд кард, ки барои иҷрои дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳоро ба анҷом мерасонад.