ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.Дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ пойтахт рисолати худро гум кард, таъкид намуд дар баромади хеш Эмомалӣ Раҳмон.
"Фикр мекунам, ки сокинони шаҳри Душанбе он рӯзҳои вазнину фоҷеабор, яъне айёмеро, ки мардум аз тарси ҷони худ ва аҳли оилаашон ҳатто ба кӯчаи шаҳри хеш ва ба ҷойи корашон баромада наметавонистанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд"-, ёдовар шуд раисҷумҳур.
Ба гуфтаи президент, дар пойтахт дар зарфи солҳои баъдӣ зарурати барқарор намудани фаъолияти ҳамаи зинаҳои фалаҷшудаи сохтору мақомоти давлатӣ пеш омад. "Мо маҷбур шудем, ки Иҷлосияи XVI — уми таърихии Шӯрои Олиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намоем", илова намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ҳарчанд шаҳр баъди ҳодисаҳои солҳои 90-ум пурра барқарор карда шуда бошад ҳам, марҳилаи нави рушди Тоҷикистон тақозо мекунад, ки пойтахт бояд ободтар гардад.
"Душанбе — ҳамчун пойтахт бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад",- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар рафти суханронӣ, президенти мамлакат қайд кард, ки тӯли 25-сол дар Душанбе корҳои ободонӣ сурат гирифтанд ва ба ин хотир маблағҳои зиёд сарф карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳ миёни тарафҳои тоҷикон дар Кремл ба поён расид. Дар пояи он оштинома, раҳбарии кишварро пас аз Раҳмон Набиев Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт ва намояндагоне аз мухолифин низ дар мақомҳои баланде дар давлат ва маҷлиси кишвар расиданд.