ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.Президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев аввалҳои моҳи апрел ба Русия меояд.
"Сафари президенти Ӯзбакистон ба аввалҳои моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст. Санаи аниқи он муайян нагардидааст, аммо шояд 5-уми апрел сурат гирад",- хабар медиҳад РИА Новости.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати оҷонсӣ, рӯзи чоршанбе дар иҷлосияи байни ҳукуматии Ӯзбакистон мавзӯи сафари Шавкат Мирзиёев ба Русия баррасӣ мешавад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки моҳи феврал шояд вохӯрии президенти Белорус ва Ӯзбакистон сурат гирад.
Ғайр аз ин, Нурсултон Назарбоев шахсан Шавкат Мирзиёевро ба Қазоқистон даъват намудааст.