ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар озмун рӯзноманигорон, хабарнигорон ва намояндагони ВАО, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дорои истеъдоди хабарнигорӣ мебошанд, метавонанд фаъолона иштирок намоянд, менависад хадамоти матбуоти вазорати корҳои доихилии ҶТ.
Хабарнигорони фаврӣ метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаҳои электронии ВКД ҶТ: somona@vkd.tj, vkd.tj@mail.ru истифода намуда, наворҳои худро ирсол намоянд.
Гуфта мешавад, ки беҳтарин наворҳои видеоӣ дар мавзӯъи ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳо аз тарафи комиссияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳӣ шуда, ғолибон муайян карда мешаванд.
"Наворҳо бояд кӯтоҳ, мушаххас ва ба талаботи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ буда, дар муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани шуурнокии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд",-омадааст дар хабарнома.
Озмун ҳар семоҳа ҷамъбаст гардида, барои ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ дода мешавад: барои ҷойи аввал-3000 сомонӣ, ҷойи дуюм-2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм-1000 сомонӣ.
Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.