ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Намоиши филми "Мушкилкушо", ки беҳтарин филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи "Дидор" дониста шуд, дар шаҳри Петербург баргузор мегардад, хабар медиҳад коргардони филм Умедшо Мирзоширинов дар саҳифаи фейсбуки худ.
Намоиши филми "Мушкилкушо" санаи 25-уми феврал соати 17.00 дар хонаи ҷавонон "Рекорд" дар шаҳри Санкт-Петербург барузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан филми "Мушкилкушо" дар шаҳри Дшанбе, Хоруғ ва Маскав намоиш дода шуд.
Филми "Мушкилкушо" аз як тараф намоишгари урфу одот, расму русум, ва забонҳои гуногуни мардуми Бадахшон бошад, аз ҷониби дигар тарғибгари ишқу муҳаббати поки инсонӣ аст.
Қаблан коргардони филм Умедшо Мирзоширинов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки мақсад дошт тариқи ин филм ишқу муҳаббати покро нишон диҳад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мақсад дорад намоиши филмро барои ҳамватанони бурунмарзӣ доир намояд.