Мастӣ ба пастӣ: ҳолати сархушӣ боиси марги марди “пиронсол” шуд

© Flickr \ Esther SchultzМарди пир, акс аз бойгонӣ
Марди пир, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон аз марги як нафар сокини 60-солаи шаҳри Турсунзода хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik.Тибқи маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 8-уми феврали соли равон дар яке аз деҳаҳои шаҳри Турсунзода як ҳолати нохуш ба қайд гирифта шуд.

Дар деҳаи Сешанбеи шаҳри мазкур ҷасади марди 60-сола ёфт гардид, ки мувофиқи  маълумотҳои тасдиқгардида, ба садама гирифтор шуда, ҷон бохтааст.

"Пирамард"-и пиёдагардро, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт,  ронандаи автомашинаи номаълум пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Эҳтимол меравад, ки пиёдагард аз сабаби дар ҳолати сархушӣ қарор доштан, қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, аз садама ҷароҳати вазнин мебардорад ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Манбаъ мегӯяд, барои муайян намудани ҷинояткор- ронандаи автомашинаи номаълум чораҳои тафтишотӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0