2017-Соли ҷавонон: озмун барои ҷавонони фаъоли Тоҷикистон

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкҶавонони Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Ҷавонони Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нафарони хоҳишманд метавонанд, тариқи пур кардани варақаи пурсишӣ барои иштирок дар маҳфили озмӯзишӣ номнавис шаванд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ташкили маҳфили омӯзишӣ таҳти унвони "Ҷавонон пайрави Пешвои миллат" хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки курси омӯзишӣ се моҳ идома карда, ҳар як хоҳишманд аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон метавонад дар он иштирок намояд.

Иштирокчиён  тариқи пур кардани варақаи пурсишӣ интихоб карда мешаванд. Дар маҳфили омӯзишӣ то 30 нафар ҷавонон метавонанд иштирок кунанд.

Маҳфили "Ҷавонон пайрави Пешвои миллат" ба Соли ҷавонон бахшида мешавад.

Мақсади асосии баргузори курси омӯзишӣ баланд бардоштани фаъолнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамъият мебошад.

Баъди хатми курс ба ҳар як иштирокчӣ сертификат дода мешавад.

Барои маълумоти бештар ва пур кардани варақаи маълумотӣ бо суроғаи www.youth.tj муроҷиат намоед.

Лентаи хабарҳо
0