ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Тибқи итилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди тағийроти кадрӣ дар Суди олии кишвар ба Маҷлиси миллӣ пешниҳоди худро равон кардааст.
Ҳамин тавр, мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аз вазифаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мансурзода Наим бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан" ва мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоб намудани раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ" ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ба Маҷлиси миллӣ равон карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуот.
Ҳамчунин, раисҷумҳур Саидзода Маҳмадисо Мурод, Мирзозода Исроил Шоҳимардон ва Қамарзода Рошиддин ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.