ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Аъзои гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ —мамнӯъ дар Тоҷикистон) 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Бобохоноваро бо ҷурми даъвати сокинон ба гурӯҳи террористии ДИ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ба ҳисоб меравад, ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум кард, омадааст дар хабари матбуот.
Чуноне ки аниқ гардид, судшуда ҳангоми дар шаҳри Санк-Петербурги Русия қарор доштан, бо ғояҳои ДИ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ шинос гардид. Вай аллакай ба ҳайси аъзои фаъоли гурӯҳи террористӣ 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ба ДИ ҷалб намуда, аз ҳисоби худ ба Сурия равон кардааст.
Бобохонов 15 соли ҷазоро дар калоняҳои низомашон сахт мегузаронад.
Дар Тоҷикистон соли гузашта 400 нафар аъзои гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва ифродгароӣ дастгир шуданд. Чуноне ки пештар вазири корҳои дохилии Тоҷикисто Рамазон Раҳимзода қайд кард, 22 нафар аъзоёни гурӯҳи террористӣ, ки дар Сурия ва Ироқ меҷангиданд, бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргашта, ба мақомот таслим шуданд.