ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik.Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов хоҳиш намуд, муҳоҷироне, ки натавонистанд дар Русия мақоми худро расман тасдиқ гардонанд, қонунӣ гардонида шаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сафорати ҶТ.
Дар рафти вохӯрӣ бо муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой Сатторов ёдовар шуд, ки бояд ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мустаҳкам карда шавад.
Тарафҳо аҳамияти коркарди механизмҳои танзими равандҳои муҳоҷиратиро қайд карданд.
Ғайр аз ин Сатторов диққати ҳамагонро ба мушкилиҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба монанди хориҷкунӣ аз кишвар, манъ кардани воридшавӣ ба Русия, ҳамчунин надодани маоши муҳоҷирои тоҷик аз ҷониби кордиҳандагони рус ҷалб кард.
"Сафири Тоҷикистон ҳамчуни масъалаи қонунӣ гардонидани муҳоҷиронеро, ки бо сабабҳои мухталиф натавонистанд мақоми худро дар Русия тасдиқ кунанд, пешниҳод кард",- омадааст дар хабари матбуот.
Горовой, дар навбати худ қайд намуд, ки дар соли 2016 ба қонунгузории Русия тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он ҷазо барои қонунвайронкунии маъмурӣ сабук карда шудааст.
Ҳоло барои пурра намудани қонунгузории муҳоҷират чораҳо андешида мешаванд.
Тарафҳо ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм ва ҷинояткориро баррасӣ намуданд.
Сатторов қайд намуд, ки мақомотҳои ҳуқуқии Тоҷикистону Русия робитаи зич доранд, ки он барои ҳамкории тарафайн аҳамияти муҳим дорад.