ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон барои беҳтарин ташаббуси иҷтимоии ҷавонони сулҳсоз соҳиби ҷоиза гардид.
Диплом дар 16-умин маросими ҷоизасупории Нобелӣ, ки аз санаи 2 то 5-уми феврал дар пойтахти Колумбия шаҳри Богота сурат гирифт, супорида шуд, хабар медиҳад торномаи ФФТ.
Ҷоиза барои татбиқи лоиҳаи "Футбол назди шумо меояд", ки байни гурӯҳҳои футболи духтаронаи назди ҳавлигӣ гузаронида мешавад, супорида шуд.

Лоиҳа соли 2013 ташкил шуда, ин сол бори чорум гузаронида мешавад.
Ҳадафи асосии лоиҳаи "Футбол назди шумо меояд" тарғибу ташвиқи варзиш дар байни ҷавонон ва наврасон, кам кардани ҷинояти кӯдакон ва рушди футбол дар пойтахт ва ҳамчунин ҷалби диққати ҷамъият ба мушкилоти футболи кишвар мебошад.
Дар давоми чор сол дар лоиҳа зиёда аз 300 гурӯҳ ширкат варзида, шумораи умумии футболбозон ба 10 ҳазор нафар мерасад.