ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ширкати "Ямал" ба ҳукумати Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои лозимаро барои тасдиқ кардани парвозҳо ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи "Жуковский" равон кард, хабар дод ба РИА Новости директори тиҷоратии ширкат Андрей Дубров.
"Метавон гуфт, ки гуфтушунид бо ҳукумати ҳавоии Тоҷикистон дар бораи парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский аз шакли шифоҳӣ ба ба хаттӣ табдил ёфт. Мо ба Тоҷикистон формаи махсус- ҳуҷҷатҳоро равон кардем. Онро дар Душанбе барои тасдиқ намудан, тафтиш мекунанд",- мегӯяд Андрей Дубров.
Ба гуфтаи вай, раванди мувофиқакунии парвозҳо 45 рӯзро дарбар мегирад. "Пештар, мо ба назар гирифта будем, ки аз санаи 27-уми март парвозҳои ширакатро оғоз мекунем. "Ҳоло бошад, мегӯем, ки шояд, ин сана як ду рӯз тағийр ёбад",- мегӯяд директори тиҷоратии ширкати "Ямал".
Охирҳои моҳи январ вазорати нақлиёти ФР изҳор дошта буд, ки парвозҳои "Ямал" ба Тоҷикистон аз тобистони соли 2017 сар мешавад.
Ширкати "Ямал" дар муносибатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия баҳси калонро ба вуҷуд овард. Дар охир, баъди Сафари муовини сарвазири Русия Игор Шувалов Тоҷикистону Русия ба мувофиқа омаданд, ки Тоҷикистон ба парвозҳои ширкати Ямал" аз баҳори соли ҷорӣ иҷоза медиҳад, Русия бошад дар навбати худ, маҳдудиятҳои гузоштаашро ба "Сомон Эйр" мебардорад.