Дар баробари ин КҲФ ҳамоно аз барфрезӣ ва афтидани шушаҳои ях огоҳ мекунанд.
"Бар асари ҳавои тағйирёбанда ва афтиши ҳарорат дар қаламрави кишвар хатари лағзиши барфтӯда ва яхпора аз бомҳо, ҳамчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳо афзудааст ва ин метавонад сабабгори ҷароҳатдор шудани одамон ва ҳодисаҳои нохӯши дигар шавад",-омадааст дар иттилоия.
Дар бастагӣ бо ин Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми гаштугузор ба ҳолати бомҳо таваҷҷуҳ кунанд.
Аз падару модарон хоҳиш мешавад, ки фарзандони хурдсоли худро беназорат нагузоранд.

1/7
© Sputnik
Душанбе дар иҳотаи барф махсусан бегоҳирӯзӣ хеле романтикӣ менамояд.

2/7
© Sputnik
Ҷой, ҷой барф об шуда ба лой мубаддал шудааст, ки баъди аз нақлиёт фаромадан сокинони пойтахтро халаадор мекунад.

3/7
© Sputnik
Кӯчаҳои шаҳри Душанберо барф иҳота кардааст.

4/7
© Sputnik
Боридани барф барои сайёҳат бо дӯстон баҳона намешавад.

5/7
© Sputnik
Бориши барф ҳаракати нақлиётро дар пойтахти Тоҷикистон суст кард.

6/7
© Sputnik
Тибқи иттилои оҷонсии обуҳавошиносӣ барфрезӣ дар Душанбе ҳамоно идома хоҳад кард.

7/7
© Sputnik
Сокинони шаҳри Душанбе ба хонаҳояшон мешитобанд.