Тибқи ахбори манбаъ иҷлосияи нуҳум бо ташаббуси вакилон ва бо қарори раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуд.
Вакилони халқ дар аввал, тибқи фармони президенти Тоҷикистон қарори аз вазифаи раиси шаҳр озод шудани Маҳмадсаид Убайдуллоевро тасдиқ карданд.
Дар рафти маҷлис зикр карда шуд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев мехоҳад пеш аз мӯҳлат ваколатҳои вакилиашро қатъ кунад. Ғайр аз собиқ раиси шаҳр, Улмасов Фируз Убайдуллоевич низ, барои пеш аз мӯҳлат ваколати вакилии хешро дар маҷлиси вакилони халқӣ қатъ кардан, ариза супоридааст.
Дар охир, тибқи қонунҳои амалкунанада дар ҳавзаҳои интихоблотии вакилони фаъолияташаонро қатъкарда, ба санаи 2-уми апрел интихобот таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки собиқ шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 12-уми январи соли ҷорӣ аз вазифа сабукдӯш гардида, ба мақоми вай, писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таъин карда шуд.
Убайдуллоев аз соли 2000- ум раиси Маҷлиси Миллӣ низ ба ҳисоб меравад ва баъд аз раиси ҷумҳур шахси дуввуми расмӣ дар Тоҷикистон аст.