Ҷойи театри синамои “Тоҷикистон”-ро театри тобистона мегирад

© Sputnik Дар толори маҷлис, акс аз бойгонӣ
Дар толори маҷлис, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бо усули скандинявагӣ сохта шуда, ба ду қисм ҷудо мешавад, дар қисми болоии маркази фарҳангӣ театри тобистона ташкил мешавад

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik.Ба ҷойи театри синами "Тоҷикистон"- и  Маскав маркази фарҳангӣ бунёд мешавад,  хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба сомонаи шаҳрдории Маскав.

Лоиҳаи бинои навро Комитети меъмории Маскав тасдиқ намудааст.

"Бино бо усули скандинявагӣ сохта шуда, ба ду қисм ҷудо мешавад, дар қисми болоии маркази фарҳангӣ театри тобистона ташкил мешавад ",- омадаст дар хабар.

Тибқи иттилои манбаъ, дар театри синамои "Тоҷикистон" ба ғайр аз  маркази фарҳангӣ  театри тобистна низ,  бунёд хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки театри синамои "Тоҷикистон" дар Маскав соли 1982 сохта шуда, аз ду толор иборат буд. Баъд аз солҳои 90-уми таеатри мазкурро ба қисмҳо ҷудо намуда, ба иҷора медоданд.

Соли 2003 ва 2012 лоиҳаи барқароркунии бино ироа шуд, аммо он  амалӣ нагашта, театри "Тоҷикистон"-и Маскав соли 2015 бардошта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0