ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Имрӯз сарояндаи номии эстрадаи тоҷик Садриддин Наҷмиддин барои аввалин бор тариқи пахши мустақим аз саҳифаи Фейсбукии худ бо мухлисонаш сӯҳбат карда, аз он, ки аз номи ӯ дигарон дар шабакаҳои интернетӣ сухан мегӯянд, изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ қайд намуд, ки нафарони зиёде аз номи ӯ аз саҳифаи дигар сухан мегӯянд.
"Рости гап ман чунин шахсонро, ки аз номи дигар касҳо сухан мегӯянд, намефаҳмам",-гуфт Садриддин Наҷмиддин.
Дар рафти сӯҳбат ӯ ҳамчунин ба саволҳои сершумори мухлсион посух гуфта, чанд суруд низ замзама кард ва аз баргузории консертҳои навбатӣ хабатиаш дар кишварҳои хориҷ хабар дод.