Молоқоти Раҳмон бо раиси Маҷлиси Шӯрои Қатар: Тоҷикистон назари нек дорад

© Саҳифаи хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси Шӯрои Қатар Муҳаммад ибн Муборак
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси  Маҷлиси Шӯрои Қатар Муҳаммад ибн Муборак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси Шӯрои Қатар Муҳаммад ибни Муборак мулоқот намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.Ҷониби Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ бо Қатар назари нек дорад ва ҳамкории судманди байнипарламентиро василаи таҳкими робитаҳои дуҷониба медонад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сӯҳбат бо раиси Маҷлиси Шӯрои Қатар.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Қатарро густариш медиҳанд.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба Тоҷикистон биёед: “презентатсия”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Қатар

Мавзӯи амният, мубориза бо терроризму экстримизм яке аз мавзӯъҳои дигари гуфтушуниди сиёсатмадорон гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи амалии санадҳои дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар имзошуда саҳми фаъол гузошта, ба татбиқи манфиатбори дурнамо ва нақшаҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ноил мегарданд, гуфта мешавад дар хабари хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад низ, вохӯрӣ доир намуда, масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ кард.

Ҷонибҳо оиди ифтитоҳи алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қатар ба мувофиқа расида, ҳашт созишномаи дигарро имзо карданд.

Лентаи хабарҳо
0