ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.Фармондеҳони хадамотҳои давлатии наздисарҳадии Тоҷикиситон ва Қирғизистон вазъияти сарҳадро баррасӣ карданд, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар рафти вохӯрӣ полковник Мирбек Қосимқулов ва генерал — лейтинант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ чораҳои пешгирикунандаи низоъҳои сарҳадиро андешиданд.
Роҳбарияти хадамоти наздисарҳадӣ мехоҳанд нақшаи амалҳои якҷояи пешгирикунандаи низоъҳоро санҷида, тасдиқ кунанд.
"Мақомотҳои маҳаллӣ байни сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ оид ба ҳалли масоили таъмини об, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳо фаъолияташро ҷоннок мекунанд",- омадааст дар хабар.
Сарҳадчиён ҳамчунин қарор қабул карданд, ки дар байни ҷавонони минтақаҳои наздисараҳдӣ чорабиниҳои фарҳангиву варзиши баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар охирҳои моҳи январ задухурди сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба низои калон табдил ёфт, ки дар рафти он шаҳрвандони Қирғизистон се нафар тоҷикро сангборон карданд. Дар ин ҳодиса кормандони полис низ, зарар бардоштанд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин ҳодиса барои амалҳои иғвогаронааш вакили шӯрои маҳаллии қишлоқи Кӯктоши ноҳияи Боткент Розия Усароваро гунаҳкор намуд.
Дарозии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон қариб 1000 километрро тпшкил мекунад.
Дар се соли ахир дар сарҳади ду кишвар аз сабаби нишонагузорӣ нашудани қисми зиёди масоҳати сарҳад якчанд ҳодиса бо истифодаи яроқ ба амал омадааст.