ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар байни нафароне, ки дар пайи садама дар Маскави Нав ба ҳалокат расиданд, як шаҳрванди Тоҷикистон ва се намояндаи Узбакистон мавҷуд буданд, хабар медиҳад РИА Новости.
"Соли таваллуди шаҳрвандони Узбакистон, ки дар пайи садама ба ҳалокат расиданд, 1984, 1995 ва 1997 буда, соли таваллуди шаҳрванди Тоҷикистон 1987 мебошад. Шахсияти дигар қурбониён маълум карда мешавад",-хабар медиҳад оҷонсӣ.
Садамаи нақлиётӣ санаи 1-феврали соли 2017 дар гардиши Варшавская ба самти деҳаи Коротино ба вуқӯъ пайваст. Автомошинаи "УАЗ" ва Toyota ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа автомобили истеҳсоли ватанӣ оташ гирифт ва мусофирон дар дохили он дармонданд. Бино ба маълумоти манбаи РИА Новости дар пайи садама нӯҳ нафар ҳалок шуда, танҳо се кас ҷон ба саломат бурд.