ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон зимни наҷот додани одамони дар зери бафр монда, корманди ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба ВКД Тоҷикистон.
Дар натиҷаи фаромадани зиёда аз 60 тарма дар Майхура дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 8 нафар ба ҳалокат расида, як каси дигар бе ному нишон шуд.
"Сержант Саюмарс Гулмадов дар минтақаи Майхура, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд воқеъ аст, дар пайи наҷот додани одамони зери барф монда, ба ҳалокат расид",-омадааст дар хабарнома.
Тибқи итилоии ВКД, хушбахтони корманди дигари вазорат Файзалиро тавонистанд аз зери барф халос кунанд, вале ҷасади Гулмадов баъди як шабонарӯз дарёфт карда шуд.
Гуфта мешавад, кки корманди ҷавон-Саюмарс Гулмадов ҳамагӣ 9 моҳ мешавад, ки дар вазорати корҳои дохилии ҶТ адои вазифа менамояд.