ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Духтари президенти аввалини Узбакистон Лола Каримова пешниҳод кард, ки дар назди хонаҳои "Мурувват" дар Узбакистон марказҳои ёрирасони махсуси рӯзона ташкил карда шаванд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Дар бори ин Лола Каримова дар рафти ҳамоиши байналмиллалӣ таҳти унвони "Ҳамгироии иҷтимоӣ: амалиёти нав барои иҷтимоигардонии кӯдакон" (Социальная инклюзия: новые ориентиры для социализации детей) пешниҳод кард.
"Маркази ҷумҳуриявии ҳамгироии иҷтимоии кӯдакон дар якҷоягӣ бо як қатор вазоратҳо бо ташаббуси ташкили марказҳои махсуси кӯмаки рӯзона ба кӯдакони маъб дар назди хонаҳои "Мурувват" баромад карданд. Ин хонаҳо барои кӯдакони эҳтиёҷманд, имкон медиҳад то кӯдакони маъб дар оила зиндагӣ карда, дар баробари ин кӯмаки касбӣ гиранд",-қайд кард Лола Каримова.
Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 1,5 ҳазор кӯдакони маъюби синну соли аз 4 то 18 сола дар шаш хонаҳои интернати "Мурувват" нигоҳубин мешаванд.